Июл 08, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Раиси FBI: Чин бузургтарин таҳдид алайҳи ояндаи Амрикост

Раиси полиси федерали Амрико дар суханоне дар муассисаи “Ҳадсон” ба иттиҳомзанӣ алайҳи ҳизби ҳокими Чин пардохт ва ин кишварро бузургтарин таҳдид барои ояндаи Вашингтон тавсиф кард.

Кристофер Рай, раиси полиси федерали Амрико (FBI) гуфт, Чин дар муқоиса бо ҳар нерӯи хориҷии дигаре, таҳдиде бузургтар барои ояндаи Амрико маҳсуб мешавад ва муддаӣ шуд: Пекин омодааст то ба ҳар қимате ба бартарии ҷаҳонӣ даст ёбад.

Ба гузориши “Форс”, вай, ки дар муассисаи “Ҳадсон”, андешакадаи муҳофизакори амрикоӣ сӯҳбат мекард, дар идома муддаӣ шуд: Амрикоиҳо бояд мутаваҷҷеҳи мизон ва печидагии ҷоҳталабиҳои ҳизби коммунисти Чин ва ҳамчунин хатароти ношӣ аз роҳкорҳои он бошанд.

Рай дар идомаи иддаоҳояш гуфт: Чин, ҳизби коммунисти Чин муътақид аст, дар як ҷанги наслӣ бо мо барои пешӣ гирифтан аз кишвари мо дар раҳбарии иқтисодӣ ва фанноварӣ қарор дорад. Ин масъала ба андозаи кофӣ ҷиддӣ аст, аммо (чин) ин муборизаро на аз тариқи навоварии машруъ, рақобати одилона ва қонунӣ ва на бо додани озодии фикр ва амал ва халлоқият ба шаҳрвандонаш, монанди ин ҷо дар Амрико пеш намебарад. Чин дар иваз дар талош аст ба ҳар василае ба танҳо абарқудрати ҷаҳон табдил шавад.

Ӯ дар идома ба ширкати “Ҳуавей” - ғӯли фанноварии Чин ишора кард ва муддаӣ шуд, давлати Чин аз тариқи ин ширкатҳо иқдом ба ҷосусӣ мекунад.

Рай гуфт: “Иттилооти мо танҳо чизе нест, ки дар хатар аст. Саломат, маош ва амнияти мо ҳам дар хатар қарор дорад. Акнун ба нуқтае расидаем, ки дар ҳар 10 соат як парвандаи ҷадид дар иртибот бо ҷосусии Чин кушода мешавад. Аз ҳудуди 5 ҳазор парвандаи зиддиҷосусии фаъоли FBI дар саросари кишвар, ҳудуди ниме аз онҳо ба Чин муртабит аст.

Дар моҳҳои ахир ва дар пайи густариши корона дар ҷаҳон, равобити Амрико ва Чин вориди даври тозае аз танишҳо шудааст. Раисҷумҳури Амрико, ки ба далели амалкарди номуносиб дар маҳори ин буҳрон бо интиқодоти шадид мувоҷеҳ аст ва аз тарафе дигар иқтисоди ин кишвар ба шиддат осеб дида, мекӯшад Чинро дар ин хусус муқассир ҷилва диҳад. Масъалаи тасвиби қонуни амнияти миллии Гонконг ва мудохилаи Вашингтон дар умури дохилии Чин ҳам бар шиддати ин танишҳо афзудааст.

Дар ҷадидтарин иқдоми зиддичинӣ, Вазорати хориҷаи Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки маҳдудиятҳои судури раводидро барои теъдоде аз мақомоти чинӣ, ки масъули сиёсат контроли дастрасии хориҷиҳо ба минтақаи худмухтор Тибет ҳастанд, дар назар гирифтааст.