Бознишаста шудани мақоми Кохи Сафед ба далели шаҳодат додан алайҳи Трамп
(last modified Thu, 09 Jul 2020 05:53:49 GMT )
Июл 09, 2020 10:53 Asia/Dushanbe
  • Бознишаста шудани мақоми Кохи Сафед ба далели шаҳодат додан алайҳи Трамп

Мақоми Кохи Сафед ,ки алайҳи Трамп шаҳодат дода буд , аз артиш бознишаста шуд.

Ба нақл аз Исно , Алексанр Виндмен аз мушовирони Амнияти миллии собиқи Кохи Сафед гуфт ,ки Ӯ қурбонии амалиёти озор азият ва талофиҷуии Доналд Трамп , раиси ҷумҳурии Амрико буд.

Ибрози нигаронии Виндмен дар мавриди тамоси телефонӣ миёни Трамп ва Владимир Зеленский раиси ҷумҳурии Украина аз шоҳидоне буд ,ки дар ҷараёни бозхости алайҳи Ӯ матраҳ шуд.

Раиси ҷумҳурии Амрико ,ки дар Маҷлиси намояндагон таҳти кантроли демократҳо истизоҳ шуд , баъдан аз суи Сано ,ки дар ихтиёри ҷумҳурихоҳон аст , табраа шуд.

Виндман дар баёнияе гуфт ; ба ин далел бознишаста мешавад ,ки баъд аз 21 сол хидмат дар артиш ояндаи Ӯ барои ҳамеша бо маҳдудият рӯ ба рӯ хоҳад буд.