Июл 10, 2020 16:47 Asia/Dushanbe
  • Иттиҳоми ҷосусии як корманди дафтари Меркел барои Миср

Яке аз коркунони дафтари расонаии садри аъзами Олмон ба ҷосусӣ ва фурӯши иттилооти мухолифони давлати Миср ба Қоҳира муттаҳам шуд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии “Дойча Вела”, Вазорати умури дохилии кишвари Олмон рӯзи панҷшанбе эълом кард, яке аз кормандони расонаии давлати ин кишвар, ки дар дафтари Ангела Меркел, садри аъзам фаъолият дошт, чандин сол барои дастгоҳи амниятии Миср ҷосусӣ кардааст.

Бар асоси ин гузориш, ин шахс иттилоотеро дар бораи мухолифони давлати Миср, ки дар Олмон муқим ҳастанд, дар ихтиёри хадамоти ҷосусии Миср қарор медод.

Додситонии умумии федерали Олмон низ бо таъйиди иттиҳоми ҷосусии ин шахс эълом кард, таҳқиқот дар бораи вай идома дорад.

Мақомоти Олмон эълом карданд, дастгоҳҳои ҷосусии Миср ба дунболи касби иттилоот дар бораи аъзои гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” ҳастанд, ки дар Олмон зиндагӣ мекунанд.

Саркӯби густурдаи раҳбарон, аъзо ва ҳаводорони “Ихвонулмуслимин” аз замони кудатои Абдулфаттоҳ Ассиси алайҳи Муҳаммад Мурси, раисҷумҳури қонунии Миср интиқоди маҷомеи ҳуқуқи башариро ба дунбол доштааст.

 

 

Барчасп