Бозгашти номи Худованд ба қонуни асосии Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55295-Бозгашти_номи_Худованд_ба_қонуни_асосии_Русия
Ҳудуди 30 сол пас аз фурӯпошии низоми коммунистӣ, бовар ба Худованд бори дигар ба қонуни асосии Русия бозгашт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 10, 2020 19:16 Asia/Dushanbe

Ҳудуди 30 сол пас аз фурӯпошии низоми коммунистӣ, бовар ба Худованд бори дигар ба қонуни асосии Русия бозгашт.

Ба гузориши хабарнигори садо ва симои Эрон дар Маскав, коммунистҳо бо тафаккури илҳодӣ ва худоситез беш аз 70 сол талош карданд то имон ба Худоро аз мардуми Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии собиқ бизудоянд, аммо ин тафаккур дар ниҳоят ба бунбаст расид.

Дар даврони коммунизм беш аз 15 ҳазор масҷид ва ҳазорон калисову ибодатгоҳ, ки номи Худованд бар сари дари он буд, дар Русия нобуд шуд.

Аммо ҳоло бар асоси ҳамапурсии ахири ислоҳоти қонуни асосии Русия, ки ҳудуди 80 дарсади мардуми ин кишвар ба он раъйи мусбат доданд, таъкид бар худопараст будани мардуми Русия ба қонуни асосии ин кишвар бозгаштааст.

Бар асоси ислоҳоти қонуни асосии Русия, ҳамчунин издивоҷ танҳо байни зану мард қонунӣ шумурда мешавад.

Ислоҳоти ҷадид дар қонуни асосии Русия 46 меҳвари аслӣ дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дифоӣ дорад.

Дифоъ аз арзишҳои бунёдини хонавода, мамнуъ шудани ҳузури дутобеиятиҳо дар тамоми аркони давлат ва маҷолиси Дума ва Сенат ва таъйини рубл ба унвони воҳиди пули доимии Русия, аз муҳимтарин меҳварҳои тағйироти ҷадид дар қонуни асосии ин кишвар аст.