Июл 10, 2020 19:45 Asia/Dushanbe

Пайкари 9 шаҳиди наслкушии Серебренитса, ки ба тозагӣ шиносоӣ шудаанд, бо ҳузури мақомоти олиртбаи Босния ва Ҳерзеговин ва теъдоде аз сафирон, аз ҷумла сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Сараево ба хок супорида шуд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, дар ин маросим, ки бо ҳузури Шафиқ Ҷаъфарович, раиси Шӯрои риёсатҷумҳурӣ, Бисро Туркувич, вазири хориҷа, Ҳусайн Ковозувич, раисалуламо ва раиси ҷомеаи исломӣ Босния ва Ҳерзеговин, Боқир Иззат Бигович, раиси Ҳизби иқдоми демократӣ ва дигар мақомоти олирутбаи босниёӣ ва хориҷӣ баргузор шуд, ҳозирон бо қироати фотиҳа ва нисори гул бо пайкарҳои ин шаҳидон видоъ карданд.

Маҳмуди Ҳайдарӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Сараево, ки аз ҷумлаи ҳозирон дар ин маросим буд, бо нисори гул ба ин шаҳидон адои эҳтиром ва бо хонаводаҳои онон ибрози ҳамбастагӣ кард.

Солгарди қурбониёни Серебренитса, ки ҳамасола бо ҳамкории давлати миллии Босния ва Ҳерзеговина ва ҳамчунин ҷомеаи исломии ин кишвар гиромӣ дошта мешавад, имсол бо тадобири вижаи пешгирӣ аз густариши вируси корона баргузор хоҳад шуд.

Маросими вижаи биступанҷумин солгарди шуҳадои Серебренитса бо паёми сарони теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯз шанбе дар мазори шуҳадои Серебренитса ва бо ҳузури мақомоти олирутбаи босниёӣ ва сафирони хориҷӣ баргузор мешавад.