Трамп: ба дунболи марҳилаи дуввуми қарордоди тиҷорӣ бо Чин нестем
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55317-Трамп_ба_дунболи_марҳилаи_дуввуми_қарордоди_тиҷорӣ_бо_Чин_нестем
Раисҷумҳури Амрико дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Вашингтон ба дунболи марҳилаи дуввуми қарордоди тиҷорӣ бо Чин нест.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2020 08:28 Asia/Dushanbe
  • Трамп: ба дунболи марҳилаи дуввуми қарордоди тиҷорӣ бо Чин нестем

Раисҷумҳури Амрико дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Вашингтон ба дунболи марҳилаи дуввуми қарордоди тиҷорӣ бо Чин нест.

Ба нақл аз Форс, вай, ки дар ҳавопаймо ва дар сафар аз Вашингтон ба Маями, дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт:

Дар ҳоли ҳозир ба дунболи марҳилаи дуввуми қарордоди тиҷорӣ миёни Чин ва Амрико нестем ва равобит бо Чин башиддат осебдида аст.

Рӯзи якшанбе низ Ванг Йи, вазири умури хориҷаи Чин низ гуфт, равобити кишвараш бо Амроико бо ҷиддитарин чолиш аз замони барқарории он мувоҷеҳ аст.

Амрико аз замони хурӯҷи коронавирус талош кардааст Чинро муқассирин ин ҳамагирии ҷаҳонӣ ҷилва диҳад.