Мурдагони индонезӣ аз қабр берун омаданд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55322-Мурдагони_индонезӣ_аз_қабр_берун_омаданд
Шарқи Осиё хостгоҳи фирқаҳои бисёре аст, ки теъдоди зиёди онҳо дорои одоб ва русуми аҷибу хурофӣ ҳастанд. Аҳолии манотиқе аз Индонезия, маросими аҷибе барои дафни дубораи мурдагони гузаштаи худ доранд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 11, 2020 10:21 Asia/Dushanbe
  • Мурдагони индонезӣ аз қабр берун омаданд

Шарқи Осиё хостгоҳи фирқаҳои бисёре аст, ки теъдоди зиёди онҳо дорои одоб ва русуми аҷибу хурофӣ ҳастанд. Аҳолии манотиқе аз Индонезия, маросими аҷибе барои дафни дубораи мурдагони гузаштаи худ доранд.

Дар ин маросим мурдагонро аз қабрҳо берун меоранд ва либосҳои нав бар тани онҳо мекунанд ва дубора ҷасад ва скелетҳоро ба хок меусупоранд.

Онҳо мӯътақиданд, ки ин маросим роҳе муфид барои ба ёд овардан ва гиромидошти даргузаштагон аст.

Ин маросим ҳар се сол як бор, ба нишонаи ёдоварӣ ва алоқа ба мурдагон анҷом мешавад ва мардуми маҳаллӣ мӯътақиданд, ки аъзои хонаводаи мурдагон ҳанӯз бо ӯ ҳастанд , ҳатто агар ӯ садҳо сол пеш фавт карда бошад.

Аъзои хонавода пас аз хориҷ кардани мурда аз қабр, онро тамиз мекунанд ва сипас бар тани ҷасад либосиҳои тозае мепӯшонанд ва ба даври он порчаҳои дурушт мепечонанд.

Ин дар ҳоле аст, ки бисёр еаз мардум бо ин расм имухолиф буда ва онро тавҳин ба мурдагон медонанд.

Аз сӯи дигар, коршиносони беҳдоштӣ низ мӯътақиданд, ки берун овардани ҷасадҳо, боисии интишори бактерияҳои хатарнок ва олудагиҳои мавҷуд дар атрофи мурдагон мешавад, ки ин мавзӯъ хатарҳои фаровонер ба ҳамроҳ дорад.