Июл 11, 2020 15:59 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди  Лавров бар нақши масоили дохилии Амрико дар иттиҳомзанӣ алайҳи Русия

Амрико дар соли 2001 ба баҳонаи ҳамлаҳои 11 сентябр, ба Афғонистон ҳамла ва ин кишварро ишғол кард ва ба рағми тавофуқ байни Амрико ва Толибон бар асоси хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, ҳануз шумори қобили таваҷҷуҳе аз онҳо дар ин кишвар ҳузур доранд. Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши ихтилофоти Русия ва Амрико, расонаҳо ва бархе мақомоти амрикоӣ Маскавро муттаҳам ба табонӣ бо Толибон барои куштани низомиёни амрикоӣ кардаанд.

Русия ба ин иттиҳомзании Вашингтон вокуниш нишон додааст. Дар охирин мавзеъгирии Маскав дар ин замина, Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия рӯзи ҷумъа 10 июл иддаои расонаҳои амрикоӣ дар бораи ришваи Русия ба Толибон барои куштани низомиёни амрикоии дар Афғонистонро рад кард. Лавров бо такзиби ин иддао, тасреҳ кард, ки фазои дохилии сиёсии Амрико ҳамчунин даъвоҳои ҳизбӣ дар ин кишвар мунҷар ба интишори чунин ахбори кизбе мешавад.

Демократҳо ва расонаҳои вобаста ба он дар Амрико аз ҳамон ибтидои давраи риёсатҷумҳурии Доналд Трамп, ангушти иттиҳомро мутаваҷҷеҳи вай карда ва Русияро ба ҳимоят аз Трамп барои расидани вай ба раёсатҷумҳурӣ муттаҳам кардаанд. Дар ҷадидтарин иттиҳомзанӣ алайҳи давлати  Трамп, рӯзномаи Нию-Йорк Таймз ахиран дар матлабе навишт, ки Идораи иттилооти артиши Русия мавсум ба GRU дар муомилае бо Толибон ба онҳо ваъда дода буд, ки дар баробари ҳар низомии амрикоие, ки дар Афғонистон ба қатл бирасонанд ба онон подоши нақдӣ дода хоҳад шуд. Ба иддаои ин рӯзнома, мақомҳои иттилоотии Амрико, Доналд Трампро дар ҷараёни ин иқдоми Русия қарор дода буданд вале вай таваҷҷуҳе ба он накардааст. Ин гузориш баъдан дар рӯзномаҳои Вашингтон Пост ва "Wall Street Journal" ҳам ба нақл аз "манобеъе дар Кохи Сафед" мунташир шуд.

Ин иддао бо вокуниши манфӣ ва такзиби шадид аз сӯи Толибон ва Русия ва ҳатто Трамп мувоҷеҳ шудааст. Суҳайл Шоҳин- сухангӯи сиёсии Толибон бо такзиби гузоришҳои  ахир дар бораи дарёфти пул аз Русия барои куштани неруҳои амрикоӣ дар Афғонистон эълом кард: Мо аҷири ҳеҷ кас несетм. Ба гуфтаи вай, чунин ахбори қалбакӣ барои хадшадор кардани эътибори Толибон ва эҷоди ҳарҷу марҷ дар замоне, ки низомиёни амрикоӣ Афғонистонро тарк мекунанд ва раванди сулҳ дар роҳ аст, мунташир мешавад. Мақомоти баландпояи русӣ низ то кунун чандин бор дар ин замина мавзеъ гирифтаанд. Ба гуфтаи Николай Патрушев- раиси Шурои амнияти федерали Русия: Русия ҳаргиз бо Толибон ҳамкорӣ накарда ва ҳатто Девони олии Русия дар соли 2003 Толибонро ба унвони гуруҳи террористӣ муаррифӣ кардааст.

Трамп низ ин гузоришро сареҳан рад карда ва онро дуруғи расонаҳои қалбакӣ хондааст. Раиси ҷумҳури Амрико гуфтааст ӯ ва мушовирони наздикаш ба ҳеҷ ваҷҳ  дар ҷараёни иттилоот дар бораи гузоришҳои марбут ба "ҳамлаҳои иддаоӣ" ба низомиёни амрикоии дар Афғонистон бо ҳимояти Русия дар соли гузашта қарор нагирифтаанд. Трамп гузориши Нию-Йорк Таймз дар ин бораро рад кард ва ин гузоришро хабаре "қалбакӣ" хонд. Раиси ҷумҳури Амрико дар тавитте навишт: Ҷомеаи иттилоотии Амрико, ба ман гузориш дода, ки онҳо ин иттилоотро мувассақ намедонанд, бино барин ба ман ё ба муовини ман гузориш надоданд». Давлати  Трамп, 29 феврали 2020 тавофуқе бо Толибонро имзо кард, ки яке аз мафоди Амрико хуруҷи низомиёни Амрико аз Афғонистон аст. Аз моҳи апрели 2020 то кунун ҳеҷ низомии амрикоие ба дасти Толибон кушта нашуда ва шумори низомиёни амрикоӣ аз 13 ҳазор ба 8600  нафар коҳиш ёфтааст.

Русия бар ин гумон аст, ки ҳадафи аслии матраҳкунандагони ин иддао, тахриби ҳар чи бештари равобити Маскав ва Вашингтон ва низ ёфтани баҳонаи нав барои ташдиди фишорҳои зидди русӣ аз ҷониби Амрико ва дар айни ҳол иқдоме аз сӯи демократҳо барои тахриби ҳар чи бештари ваҷҳаи Трамп дар фосилаи боқимонда то баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар ноябри 2020 бо нишон додани вай ба унвони василаи дасти Русия аст. Изҳороти ахири Лавров таъкиди дубора бар ин масъала аст ва нишон медиҳад, ки дар арсаи сиёсии дохилии Амрико рақибони сиёсӣ аз ҳар абзор ва иттиҳоме барои заъиф кардани мавқеияти сиёсии ҳарифи худ истифода мекунанд.

 

Барчасп