Июл 11, 2020 20:40 Asia/Dushanbe
  • Аз саргирии дубораи парвозҳои байналмиллалии Русия бо 13 кишвар бидуни Тоҷикистон

Муовини нахуствазири Русия аз барқарории дубораи парвозҳои хориҷии ин кишвар бо 13 давлат аз рӯзи 15 июл хабар дод, аммо номи Тоҷикистон дар ин рӯйхат мушоҳида намешавад.

Ба  гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Татяна Галикова гуфтааст, ки шарти барқарории парвозҳои хориҷии Русия бо кишварҳои дигар ба чанд омил бастагӣ дорад аз ҷумла ин, ки миёнгини мубтало шудани афрод, 40 нафар ба ҳар 100 ҳазор нафари ҷамъият  бошад ва дувум афзоиши мутавассити мубталошудагон ба вируси корона дар шабонарӯз набояд аз 1 дарсад дар баробари ҷамъияти ин кишварҳо бештар бошад.

Ба  гуфтаи вай, шаҳрвандони хориҷӣ ҳангоми вуруд ба Русия озмоиши олуда набудан ба вируси коронаро дар се рӯз анҷом медиҳанд ва дар сурати мусбат будани натиҷа, ба муддати ду ҳафта карантин хоҳанд шуд.

Дар бораи аз саргирии парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон ҳануз тасмиме гирифта нашудааст ва танҳо ду кишвар бо парвозҳои чартерӣ шаҳрвандони худро хориҷ мекунанд.

 

Барчасп