Дабири кулли НАТО: Иҷоза надиҳем наслкушии Сребренитса такрор шавад
Дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолии -НАТО дар бисту панҷумин солгарди наслкушии Сребренитса таъкид кард набояд иҷоза дод ин куштор бори дигар рӯй диҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Йенс Столтенберг рӯзи шанбе дар паёме твиттерӣ навишт: Наслкушии Сребренитса дар қалби Аврупо рух дод. 25 сол аз он замон сипарӣ шудааст ва ҳамаи мо масъулем то ҳамеша онро ба ёд дошта бошем ва ҳаргиз иҷоза надиҳем бори дигар рӯй диҳад.
Ҷузеппе Конте- нахуствазири Италия низ дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Наслкушии 25 соли пеши Сребренитса, ҳануз яке аз ториктарин саҳифаҳо дар таърихи Аврупо ба шумор меравад.
Шаҳри Сребренитса, ки аксари ҷамъияти онро мусулмонон ташкил медиҳанд ва ба унвони минтақаи амни таҳти ҳифозати сарбозони нидерландии Созмон Миллали Муттаҳид қарор дошт, 11 июли 1995 аз сӯи неруҳои серб ба фармондеҳии генерал Ратко Младич бидуни муқовимат ва вокуниши неруҳои нидерландии Созмон Миллали Муттаҳид ишғол шуд ва ба думболи он беш аз ҳашт ҳазор нафар дар ин шаҳр қатли ом шуданд.
Ҳануз пайкари бархе ҷонбохтагон пайдо нашудааст.
Муҳаммадҷаводи Зариф- вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон низ рӯзи шанбе дар паёме твиттерӣ ба муносибати солгарди куштори Сребренитса, наслкушии мусулмононро натиҷаи шикасти Аврупо дар амал ба вазифаҳои аслии худ донист ва таъкид кард, ки як рубъ қарн пас аз куштори Сребренитса, Аврупо гирифтори ҳамон сустӣ шудааст.