Июл 12, 2020 11:33 Asia/Dushanbe
  • Донишмандони англисӣ: Умри вируси корона дар сармо 10 баробар мешавад

Донишмандони англисӣ рӯзи шанбе ҳушдор доданд, ки умри вируси корона дар сармо то 10 баробар афзоиш меёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои рӯзномаи "Daily Mail" чопи Лондон, ин донишмандон ба давлати Англис гуфтаанд, ки омодаи мавҷи дигаре аз ҳамагирии бемории КОВИД-19 дар зимистон бошад, зеро ба шавоҳид ва мадорики неруманде даст ёфтаанд, ки сармо, умри ин вирусро 10 баробар мекунад.

Ба гуфтаи коршиносон, давом ва пойдории ин вирус дар дамоҳои поинтар ва сардтар бештар мешавад ва эҳтимоли гирд омадани мардум дар хонаҳо ва маконҳои сарбаста низ дар фасли зимистон бештар аст, ки ҳамин амр муҷиби афзоиши хатари интиқоли ин беморӣ мешавад.

Мушовирони илмии давлати Англис шавоҳиди маҳкаме дар ихтиёр доранд, ки беҳтарин дамо барои рушди ин вирус ҳудуди чаҳор дараҷаи сантиград (баробар бо 39 дараҷаи фаренгейт) аст.

Онон афзуданд, ки ин амр ҳамроҳ бо фишори солонаи зукоми фаслӣ бар низоми беҳдошт ва дармони миллӣ, ба ин маъне аст, ки Англис ба сӯи зимистон душворе пеш меравад.

Барчасп