Июл 12, 2020 12:45 Asia/Dushanbe
  • Тағйири расмии корбарии мӯзе ба масҷиди Аёсофия

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия фармони тағйири корбарии мӯзеи Аёсофия ба масҷидро имзо кард.  

Тасмими раисиҷумҳури Туркия бо вокуниши манфии Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО ва ҳамчунин бархе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз ҷумла Юнон, Фаронса ва Амрико мувоҷеҳ шудааст. Бо вуҷӯди эътирозҳои ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, Эрдуғон тағйири вазъияти Аёсофия ба масҷидро як масъалаи дохилӣ, дониста ва таъкид кардааст, дахолати хориҷӣ дар ин иртибот пазируфтанӣ нест.

Пеш аз ин, вазири умӯри хориҷаи Юнон гуфта буд: "Мо боз ҳам ба Туркия ёдовар мешавем, ки ба тааҳҳудоти байналмилалии худ пойбанд бимонад ва манофеи дохилӣ ва миллии худро бар муҳофизат аз биноҳои муҳимме монанди Аёсофия, ки мироси ҷаҳонии башарӣ аст, тарҷеҳ надиҳад".

Дар ин шароит, бояд гуфт, эътирозҳои давлатҳои ғарбӣ ва ниҳодҳои байналмилалӣ ба иқдоми ахири раисиҷумҳури Туркия дар ҳоле аст, ки Афина танҳо пойтахти аврупоии бидуни масҷид дар чорчӯби Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад. Аммо тахриби масоҷид дар Афина бо сукӯти давлатҳои ғарбӣ мувоҷеҳ нашудааст.

Бадеҳист, то замоне, ки давлати Туркия иттихози сиёсатҳои ғарбгарои онҳоро дар дастуркори дошта бошад, тамомии таҳаррукоти Анкара дар заминаи нишон додани сиёсатҳои мустақил аз Ғарб, паёмади манфӣ барои давлати Туркия хоҳад дошт. Дар ҳақиқат, мухолифати ниҳодҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ғарбӣ, дар оянда мумкин аст, мушкилоте барои давлати Туркия фароҳам кунад.

Дар ин миён, мухолифати Юнон бо иқдоми ахири раисиҷумҳури Туркияро бояд дар ростои идомаи ихтилофҳои мутааддид ва фазояндаи Анкара-Афина қаламдод кард.

Ташдиди танишҳои ду кишвар дар шароите аст, ки баназар мерасад иқдоми ахири раисиҷумҳури Туркия бо хости аксарияти мардуми мусулмони ин кишвар ҳамоҳангтар будааст. Дар ҳақиқат, раиси ҷумҳури Туркия ба дархости мардуми ин кишвари мусалмон, тағйири корбарии мӯзе ба масҷиди Аёсофияро имзо кардааст.

Бо вуҷуди иқдоми мардумписанд ва созандаи раисиҷумҳури Туркия мабнӣ бар тағйири корбарии мӯзе ба масҷиди Аёсофия, бархе аз сиёсатмадорон ва коршиносони мухолиф, ин тасмимро ба унвони қадамӣ ба ақаб дониста ап онро ба монанди пок кардани 1000 соли таърихи Туркия қаламдод кардаанд.

Дар ҳамин иртибот, Йлдирой Иғӯр, рӯзноманигор ва коршиноси маъруфи расонаҳои Анкара, дар рӯзи шашуми моҳи июни соли ҷории милодӣ бо интишори мақолае, навишт: Аввалин бор, ки аз мавзӯи тағйири корбарии мӯзе ба масҷиди Аёсофия, “истифодаи сиёсӣ” шуд, дар соли 1965 буд. Дар воқеъ, намозхондани мусалмонон дар Аёсофия " ҳаддиақал 55 сол" пешина дорад.

Бо вуҷуди иддаои ин коршиноси мухолифи давлати Анкара, ки метавонад, иддаои мавриди назари давлатҳои бегона низ бошад, Бо вуҷуди дар замони императории Рӯми Шарқӣ, килисо буд. Аммо пас аз фатҳи Истанбул ба дасти туркони Усмонӣ ба масҷид табдил шуд ва бо ташкили ҷумҳурӣ дар Туркия ва ба қудрат расидани Отатурк, Аёсофия ба мӯзе табдил шуд ва то имрӯз ба ҳамин шакл боқимонда аст.

Дар як ҷамъбандии куллӣ аз имзои тағйири корбарии мӯзе ба масҷиди Аёсофия дар Истанбул тавассути раисиҷумҳури Туркия, бояд гуфт, иқдоми ахири Эрдуғон мумкин аст ба инсиҷоми миллии Туркия мунҷар шавад, аммо ҳамин мавзӯ баҳонае барои Ғарб фароҳам хоҳад кард то дар оянда ин кишвари фаъол дар ғарби Осиёро таҳти фишорҳои ҳарчӣ бештар қарор диҳанд.

 

Барчасп