Июл 13, 2020 08:16 Asia/Dushanbe
  • Путин: Равобити бади Русия ва Украина рабте ба Қрим надорад

Раиси ҷумҳури Русия гуфт: Вахим шудани равобити Маскав ва Киев рабте ба пайвастани нимаҷазираи Қрим ба хоки Русия надорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Владимир Путин рӯзи якшанбе дар Шабакаи як телевизиони давлатии Русия гуфт: Мо ҳаргиз Қримро тасарруф накардем балки мардуми ин минтақа дар ҳамапурсӣ тасмими худро гирифтанд бино барин вахим шудани равобити Русия ва Украина рабте ба мавзӯи Қрим надорад.

Путин ибрози итминон кард, ки дер ё зуд вазъи вахими ба вуҷуд омада миёни Русия ва Украина фурукаш хоҳад кард.

Ихтилофҳои Русия ва Украина, ки бо якдигар пайвандҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва мазҳабии бисёр доранд аз соли 2014 ва пас аз кудатои ғарбгароён алайҳи давлати вақти Украина оғоз шуд.

Мардуми шарқи Украина ва нимаҷазираи Қрим пас аз ин иттифоқ ба мухолифат бо давлати марказӣ дар Киев пардохтанд ва хоҳони ҷудоӣ аз Украина шуданд.

Қрим бо баргузории ҳамапурсӣ дар 16 марти 2014 ва бо овози аксарияти ширкаткунандагон, мувофиқаташро бо пайвастан ба Федератсия Русия эълом кард.

 

 

 

 

Барчасп