Июл 13, 2020 12:58 Asia/Dushanbe
  • Бойден

Номзади демократи интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико- раиси ҷумҳури Мисрро "диктатори мавриди алоқаи Трамп" хонд ва ӯро таҳдид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии арабии 21, Ҷо Бойден бо интишори твитте ба иқдоми масъулони Қоҳира дар озод кардани Муҳаммад Амоша, донишҷӯи пизишкии дорои шаҳрвандии Амрико пас аз 486 рӯз ҳабс дар зиндонҳои ин кишвар вокуниш нишон дод.

Бойден дар бораи озодии Амоша ва бозгашти ӯ ба Амрико тавит кард: Боздошт, шиканҷа ва табъиди фаъолоне чун Сора Ҳиҷозӣ ва Муҳаммад Амоша ва ё таҳдиди хонаводаҳояшон масъалае ғайри қобили қабул аст.

Ҳамчунин Бойден дар твитти дигаре таҳдид кард, ки дар давлаташ ҳаргиз чеки сафедимзо барои "диктатори мавриди алоқаи Трамп" вуҷуд нахоҳад дошт.

Ин маҷмуа твитҳо ба мафҳуми таҳдиди ғайрирасмии Ассиси аз тарафи Бойден ва таваққуфи кумакҳои Амрико ба Миср дар сурати пирӯзии вай дар интихоботи ноябри Амрико аст.