Муҳаққиқони олмонӣ: Кудакон коронаро мунтақил намекунанд
(last modified Tue, 14 Jul 2020 09:58:24 GMT )
Июл 14, 2020 14:58 Asia/Dushanbe
  • Муҳаққиқони олмонӣ: Кудакон коронаро мунтақил намекунанд

Муҳаққиқони олмонӣ дарёфтаанд кудакон дар мактабҳо на танҳо нақше дар интиқоли КОВИД-19 ба бузургсолон надоранд, балки ҳамчун тормозе дар баробари гирифторӣ ба ин беморӣ амал мекунанд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Гардиян рӯзи сешанбе дар гузорише бо унвони «Нархи поёни гирифторӣ ба КОВИД-19 дар мактабҳои Олмон», навишт: Озмоиши хонандагони мактаб ва омӯзгорони иёлати Заксан дар шарқи Олмон нишон медиҳад кудакон метавонанд ҳамчун тормозе дар баробари гирифторӣ ба корона амал кунанд.

Бар асоси озмоишҳое, ки бар рӯй ду ҳазор хонандагони мактаб ва омӯзгорон анҷом шуда, мушаххас гардид бархилофи тасаввурот, мактаб нақши муҳиме дар густариши вирус надоранд.

Ин кишвари аврупоӣ дар моҳи май мактабҳоро бозгушоӣ кард ва ин дар ҳоле аст, ки ҳамчунон баҳс бар сари нақши кудакон дар интиқоли вирус ба бузургсолони осебпазир дар хона, омӯзгорон ва коркунони мактаб идома дорад.

Мутолиаи ёдшуда аз сӯи бемористони Донишгоҳи Дрезден (маркази иёлати Заксан) анҷом шуд ва бар ин асос, намунаи хуни наздик ба 1500 кудак дар синини 14 то 18 сол ва 500  аз 13 мактаб дар Дрезден ва минтақаҳои Баутсен ва Герлитз (аз дигар шаҳрҳои иёлати Заксан) дар моҳи май ва июн мавриди таҷзия ва таҳлил қарор гирифт.

Рейнҳард Бернер, устоди ҷарроҳии қалб ва раг дар ин бемористон гуфт: Аз ҳудуди ду ҳазор нафар, танҳо 12 нафар антибодӣ доштанд ва натиҷаҳои аввалия нақши хонандагон дар интиқоли беморӣ ба бузургсолонро таъйид намекард.

Бернер дар як нишасти хабарӣ гуфт: Кудакон ҳатто мумкин аст ба унвони як тормоз дар гирифторӣ ба корона амал кунанд ва афзуд: Гирифтории хонандагони наметавонад густариши вирусро дар пай дошта бошад зимни он ки шуйюи вирус дар хонаводаҳо ба монанди пеш нест.