Касри буҷети ИМА ба рекорд расид
Касри буҷаи ИМА дар моҳи июни соли 2020 дар таърихи ин кишвар бесобиқа эълон карда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Вазорати молияи ИМА гуфт, ки ҳукумати федералӣ моҳи июн дар таърихи Иёлоти Муттаҳида касри зиёде дошт, ки ба беш аз 864 миллиард доллар расидааст.
Арзиши баланди муқовимат ба паҳншавии коронавирус дар Иёлоти Муттаҳида дар баробари коҳиши назарраси даромадҳои молиётӣ аз сабаби таназзули иқтисодӣ ва аз даст додани бисёр ҷойҳои корӣ бар асари бемории Ковид 19, сабаби асосии ин касри буҷет ном бурда шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати молияи ИМА, касри буҷаи моҳи июн ҳатто аз касри апрел ба 738 миллиар доллар зиёдтар буд.
Масъулони маъмурияти иқтисодии Трамп пешгӯӣ мекунанд, ки иқтисодиёт дар нимаи дуюми соли 2020 ба ҳолати оддӣ бармегардад, аммо коршиносон мегӯянд, ки ин ғайриимкон аст.