Таҷаммуи густурдаи мардумӣ дар Боку ҳамзамон бо айёми авҷи паҳншавии корона
(last modified Wed, 15 Jul 2020 08:38:27 GMT )
Июл 15, 2020 13:38 Asia/Dushanbe

Мардуми муътариз ба сиёсатҳои давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар масъалаи Қарабоғ, бо таҷаммуъ дар маркази Боку ва вуруд ба сохтмони маҷлиси ин кишвар хостори иқдоми низомӣ алайҳи Арманистон шуданд.

Таҷаммуъкунандагон бо мушоҳидаи мумошоти полис дар хусуси таҷаммуи густурдаи мардум, ба сӯи сохтмони Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳаракат карданд ва вориди сохтмони маҷлис шуданд.

Давлати Ҷумҳурии Озарбойҷон аз миёнаҳои июл ҳаргуна таҷаммуи афрод дар Боку ва бисёре аз шаҳрҳоро ба хотири густариши корона мамнуъ карда буд, аммо вуқуи даргирии артишҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи марзии Товус, ки ба кушта шудани камаш 11 тан аз неруҳои низомии Ҷумҳурии Озарбойҷон анҷомид, хашми мардуми ин кишварро дар пай доштааст.