Июл 16, 2020 18:40 Asia/Dushanbe
  • Коронавирус ва ихроҷи 25 000 персонали бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Амрико

Бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Амрико аз ихроҷи 25 000 нафар аз коркунони ин ширкат, ба далели табаоти сангини ношӣ аз хурӯҷи коронавирус хабар дод.

Ба гузориши рӯзномаи "Ле- Монд", ширкати ҳавопаймоии "Американ Эйрлайнз" ба унвони бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Амрико рӯзи чаҳоршанбе эълом кард, ки 25 000 корманди худро дар моҳи октябр ихроҷ мекунад.

Ин амр омори таъдили нерӯи ин ширкати амрикоиро, ба далели коҳиши парвозҳои ношӣ аз ҳамагирии коронавирус ва паёмадҳои мухарриби иқтисодии ношӣ аз он бештар хоҳад кард.

Дуг Паркер, мудири ширкати ҳавопаймоии "Американ Эйрлайнз" ва Роберт Изом, мудири иҷроии он дар номае хитоб ба кормандони худ эълом карданд, ки даромадҳои ширкат дар моҳи июни 2020 нисбат ба соли 2019 ҳудуди 80 дарсад коҳиш дошта ва бо афзоиши омори мубталоён ба коронавриус ва азсаргирии карантинҳо аз сӯи бисёре аз кишварҳо, тақозо барои парвоз дубора башиддат дар ҳоли коҳиш аст.

 

 

Барчасп