Июл 17, 2020 15:56 Asia/Dushanbe
  • Сахттар шудани ҳамалоти сайберии CIA бо ихтиёроти вижаи Трамп

Мақомҳои собиқи амрикоӣ гуфтанд, аз соли 2018, ки Доналд Трамп бо имзои санаде ихтиёроти густурдае ба Ожонси иттилооти марказии Амрико дод, амалиётҳои сайберӣ аз сӯи CIA алайҳи бархе аз кишварҳо анҷом шуд.

Ба гузориши ИСНА, ин дастури сиррӣ ба CIA озодиҳои бештаре дар амалиётҳои иҷроӣ ва интихоби ҳадафҳо медиҳад ва бад-ин тартиб бисёре аз маҳдудиятҳое, ки аз давлатҳои пешин барқарор буд, давр зад. Ин ихтиёрот ба CIA иҷоза медиҳад то роҳаттар муҷаввизи амалиётҳои сайберии махфиро бидиҳад ва дигар ниёзе ба таъйиди Кохи Сафед надошта бошад.

Бар хилофи назари руасои ҷумҳурии пешини Амрико, ки рӯйи як ҳадафи сиёсати хориҷии хос мутамаркиз мешуданд, ин дастуруламал умдатан рӯйи як қобилият тамаркуз дорад; иқдоми махфӣ дар фазои сайберӣ.  

Як мақоми пешини давлати Амрико мегӯяд, ин ихтиёрот ба CIA мушаххасан иҷоза медиҳад то набардро ба шуморе аз кишварҳои мутахосим бикашонад. Ин кишварҳо аз ҷумла шомили Русия, Чин ва Кореяи Шимолӣ мешаванд ва аз онҳо мустақиман дар он санад ёд шудааст, аммо ин шомили ҳоли дигар кишварҳо ҳам мешавад. Кохи Сафед нерӯи муҳаррике барои ҳамлаи мутақобил мехост ва ин роҳе барои анҷоми он буд.

Созмони иттилооти марказии Амрико аз замони имзои ин ихтиёрот ҳеҷ фурсатеро ҳадар надодааст. Ба гуфтаи ин мақоми мутталеъ, CIA дар ду соли гузашта дастикам даҳҳо амалиёт анҷом додааст, ки таркибе аз иқдомоти харобкорона ва ҳамчунин ҳаки додаҳо ё интишори додаҳо будааст.