Даргирии арманиҳо ва озариҳо дар Лондон
Ҳамзамон бо даргириҳои марзӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон, гурӯҳе аз шаҳрвандони ин ду кишвар муқими Лондон муқобили сафорати Арманистон бо ҳам заду хурд карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз вебгоҳи шабакаи хабарии Рошотуэдӣ, гурӯҳе аз шаҳрвандони озарӣ рӯзи ҷумъа дар ҳоле, ки муқобили сафорати Арманистон дар Лондон таҷаммуи эътирозӣ баргузор карда буданд ногаҳон бо шаҳрвандони арманистонии муқими ин шаҳр мувоҷеҳ шуданд.
Ҳар гурӯҳ аз таҷаммуъкунандагон дар ҳоле, ки парчами кишварҳои худро дар даст доштанд зидди ҳам шиор доданд.
Дар ин тақобул ба думболи иҳонати тарафайн ба якдигар ва даргирии физикӣ, полис маҷбур ба мудохила шуд.
Расонаҳои озарӣ ва арманистонӣ ҳар кадом тарафи муқобилро ба шуруи ин даргирӣ муттаҳам карданд.
Дар рӯзҳои ахир нооромӣ ба марзҳои Озарбойҷон ва Арманистон бозгашта ва дар ин даргириҳо то кунун чанд неруи низомӣ ва шаҳрванди ғайринизомӣ кушта шудаанд.
Муноқиша бар сари Қарабоғ соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд, ки дар натиҷаи он, минтақаи Қарабоғ ва ҳафт шаҳри ҳамҷавораш ба контроли неруҳои Арманистон даромад.
Аз моҳи майи 1994 байни тарафайни муноқишаи Қарабоғ оташбас барқарор шуда, аммо то кунун борҳо ин оташбас поймол шудааст.