Июл 19, 2020 08:30 Asia/Dushanbe
  • Пайёмадҳои иқтисодии буҳрони корона барои мардуми Русия

Кумитаи давлатии омори Русия аз коҳиши ҳаштдарсадии даромади мардум ба далели шуйюи вируси корона дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Кумитаи давлатии омори Русия (Рус Асетат) эълом кард, ки даромади мардуми ин кишвар дар семоҳаи дувуми соли 2020 ҳашт дарсад нисбат ба замони мушобеҳ дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи давлатии омори Русия, даромади воқеии мардум дар семоҳаи нахусти соли 2020 нисбат ба замони мушобеҳ дар соли гузашта 3.7 дарсад коҳиш ёфтааст.

Даромади воқеӣ ба даромаде гуфта мешавад, ки пас аз касри пардохти андоз ва суғӯртаи дармонӣ ва нафақа боқӣ мемонад.

Миёнаи даромади саронаи мардуми Русия (бидуни касри андоз ва суғӯртаи дармонӣ ва нафақа) дар семоҳаи дувуми соли 2020 бо 4.8 дарсад коҳиш нисбат ба замони мушобеҳи соли 2019, 32 ҳазору 584 рубл (ҳудуди 450 доллар) буд.

Дар гузориши Кумитаи омори давлатии Русия ҳамчунин омадааст дар семоҳаи нахусти имсол 18 миллиону 600 ҳазор нафар аз мардуми Русия даромади камтар аз ҳадди ақали дастмузди таъйиншуда аз сӯи давлат доштанд.

Пайёмадҳои ҳамагирии вируси корона ба ҳадде аст, ки метавон онро сароғози вуқуи як буҳрон дар иқтисоди ҷаҳонӣ донист.

 

Барчасп