ҶАСТА сарвати Арабистонро дар Амрико ифшо кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i5557-ҶАСТА_сарвати_Арабистонро_дар_Амрико_ифшо_кард
Пас аз тасвиби ҶАСТА (адолат алайҳи ҳомиёни терроризм) дар Маҷлиси намояндагони Амрико ва таҳдиди Арабистон мабнӣ ба берун кашидани сармояҳояш аз ин кишвар сарвати саудиҳоро дар Амрико як бори дигар хабарсоз шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 06, 2016 15:38 Asia/Dushanbe
  • ҶАСТА сарвати Арабистонро дар Амрико ифшо кард

Пас аз тасвиби ҶАСТА (адолат алайҳи ҳомиёни терроризм) дар Маҷлиси намояндагони Амрико ва таҳдиди Арабистон мабнӣ ба берун кашидани сармояҳояш аз ин кишвар сарвати саудиҳоро дар Амрико як бори дигар хабарсоз шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии "ал-Олам", шабака CNN-и Амрико, маболиғеро, ки нишонгари бахше аз равобити молии Риёзу Вашингтон аст, мунташир кард. Гузориши Вазорати молияи Амрико, ки бар асоси Қонуни ҳаққи дастёбӣ ба иттилоот мунташир шуда, ҳокист, Арабистон молики коғазҳои қиматноки хазонадории Амрико ба арзиши 116.8 миллиард доллар аст.

СNN ба нақл аз Сандуқи сармоягузориҳои умумии Арабистон эълом кард, ки ин кишвар бузургтарин шарики тиҷории Амрико дар Ховари Миёна аст ва мизони мубодилоти байни ду кишвар ба 62 миллиард доллар дар сол мерасад. Тарҳи таҳаввули иқтисодии Арабистон мавсум ба «Чашмандоз-2030-и Арабистон» шомили даҳҳо тарҳи азим аст, ки ширкатҳои амрикоӣ метавонанд дар онҳо мушорикат кунанд.

Тарҳи муштараки «Садора» байни ширкати саудии "Арамку" ва ширкати амрикоии "Дав кимикал", бузургтарин муҷтамаи петрошимии ҷаҳон бо сармоягузори 20 миллиард доллар аст. Тарҳи муштараке дар заминаи тиҷорати арзиз байни ширкати маъдании Арабистони Саудӣ ва ширкати "Алкво" дар Амрико ҳам вуҷуд дорад, ки бо сармоягузории 10.8 миллиард доллар ва ба манзури сохти бузургтарин муҷтамаи ҷаҳонии тавлиди арзиз роҳандозӣ шудааст. Гуфтнист, Конгресси Амрико чоршанбеи гузашта ҳаққи нақзи веторо, ки Барак Обама ҷамъаи ду ҳафта қабл алайҳи қонуни зиддисаудӣ ба кор гирифта буд, ботил кард. Бар асоси ин қонун, хонаводаҳои қурбониёни 11 сентябр метавонанд аз кишварҳое, ки муҳоҷимон ба онҳо пайваст ҳастанд, дархости ғаромат намоянд. Арабистон зимни напазируфтани масъулияти ин ҳамалот ба иллати мушорикати теъдоде аз шаҳрвандонаш таҳдид кардааст, ки дар сурати иҷро шудани ин қонун захоири молӣ ва сармоягузориҳои миллиарддоллари худро дар Амрико лағв хоҳад кард.