Июл 19, 2020 13:35 Asia/Dushanbe
  • Омодагии давлати Афғонистон барои баргузории музокироти сулҳ

Раисиҷумҳури Афғонистон бори дигар омодагии давлати ин кишварро барои баргузории музокироти сулҳ миёни афғонҳо ва Толибон эълом кард.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар нишасте бо ақшори мухталифи мардуми Ғазнӣ, ҳамалоти Толибон ба манотиқи мухталифи Афғонистон ва куштори мардумро ҷиноёти зиддибашарӣ ва зиддиисломӣ хонд ва афзуд, сулҳ амри илоҳӣ аст ва давлати Афғонистон ба он мутааҳҳид аст.

Раисиҷумҳури Афғонистон гуфт, мардум аз ҷанг хаста шудаанд ва хоҳони поёни даргириҳо ва барқарории сулҳ ва таъмини амнияти кишварашон ҳастанд.

Ашраф Ғанӣ дар идома аз Толибон хост, ба ҷанг ва хунрезӣ поён диҳанд то мардум битавонанд бо оромиш ва бидуни дағдаға ба зиндагии худ идома диҳанд.

Дархости муҷаддади Ашраф Ғанӣ аз Толибон барои вуруд ба раванди баргузории музокироти сулҳи Афғонистон дар шароите аст, ки ин гурӯҳ бо бунбаст дар масири иҷроӣ шудани тавофуқи худ бо Амрико ба гуфтугӯҳои байналафғонӣ тавуҷҷӯҳ нишон намедиҳад.

Тааҳҳуди Амрико ба Толибон барои озодии ҳамаи зиндониёни ин гурӯҳ аз зиндонҳои Афғонистон бидуни ҳамоҳангӣ бо давлати ин кишвар мӯҷиб шуда, то мақомоти Кобул аз иҷрои комили ин зиндониён бино ба мулоҳизоти калони миллӣ ва амниятӣ, худдорӣ кунанд, ки ин масъала мавриди эътирози мақомоти аршади Толибон аст.

Аз сӯи дигар, мушаххас нашудани замони хурӯҷи комили нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон мӯҷиб шуда то Толибон рӯёҳои худро барои ихроҷи низомиёни хориҷӣ аз ин кишвар дастикам дар шароити кунунӣ, барбод рафта бубинанд ва ба ҳамин далел гумон меравад ин гурӯҳ, музокироти байналафғониро то замони эҷоди итминони хотир аз иҷрои тааҳҳудоти Кохи Сафед дар тавофуқи сулҳи ду ҷониба ба таъхир биандозад.

Толибон умед доранд битавонанд бо баҳонатарошӣ дар қиболи адами иҷрои комили тааҳҳуди Амрико барои озодии ҳамаи зиндониёни ин гурӯҳ, давлати ин кишварро барои пойбандии комил ба тавофуқи сулҳи Давҳа, ки дар 29 феврали 2020 ба имзо расидааст, таҳти фишори давлати Афғонистон ва дигар бозигарони минтақаӣ ва фароминтақӣ қарор диҳад.

Дар чунин шароите баъид аст, ки Толибон бидуни дастёби ба ҳадафи аввалияи худ мабни бар озодии ҳамаи зиндониёни ин гурӯҳ, ба вуруд ба музокироти байналафғонӣ тан диҳад.

Печида шудани масири гуфтугӯҳои байналафғонӣ мӯҷиб шуда то илова бар нигаронии кишварҳои минтақа ба хусус ҳамсоягони Афғонистон аз паёмадҳои таъхир дар баргузории ин музокирот, Давлати Қатар низ нигарони аз даст рафтани дастовардҳои худ аз мизбонии музокироти Толибон ва Амрико ва тавофуқи имзошуда байни тарафайн бошад.

Ба ҳамин далел аст, ки Маркази мутолиоти мунозиъа ва башардӯстонаи Институти Давҳа аз 45 нафар аз чеҳраҳои сиёсӣ ва мадании Афғонистон барои ҳузур дар нишасти ғайри расмӣ дар бораи таҳаввулоти сулҳи ин кишвар даъват кардааст.

Юнус Қонунӣ, Абдулкарим Хуррам, Абдуссалом Заиф, аз ҷумлаи чеҳраҳои сиёсӣ ва фаъолони мадании Афғонистон ҳастанд, ки ба ин нишаст даъват шудаанд.

Давлати Қатар умедвор аст, битавонад аз зарфиятҳои ҷомеаи мадании Афғонистон барои кумак ба тасҳили баргузории музокироти байналафғонӣ аз тариқи мутақоид кардани давлати ин кишвар ба пазириши хостаи Толибон барои озодии ҳамаи зиндониёни ин гурӯҳ истифода кунад, то дастовардҳои дохилӣ ва минтақаии ҳосил аз ифои нақш дар таҳаввулоти сулҳи Афғонистонро ҳифз кунад.

Бо таваҷҷуҳ ба ташдиди даргириҳои аз сӯи Толибон дар Афғонистон дар ҳафтаҳо ва рӯзҳои ахир баназар мерасад, ки ин гурӯҳ дар ҳоли истифода аз ҳамаи абзорҳои худ барои пойбанд кардани Амрико ба иҷрои тааҳҳудоти тавофуқи Давҳа аст.

 

Барчасп