Радди иртиботи размоиши изтирории Русия бо танишҳои Қафқоз
(last modified 2020-07-19T09:09:56+00:00 )
Июл 19, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Радди иртиботи размоиши изтирории Русия бо танишҳои Қафқоз

Вазорати дифои Русия иртибот доштани баргузории размоиши изтирории неруҳои мусаллаҳи ин кишвар ба танишҳои ахир дар Қафқозро рад кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, Александер Фомин, муовини вазири дифои Русия дар бораи размоиши изтирории артиши ин кишвар, ки ба сурати ногаҳонӣ фармони баргузории он содир шудааст гуфт: Размоиши неруҳои мусаллаҳи Русия ба манзури омодагӣ барои размоиши «Қафқоз-2020» аст ва ҳеҷ иртиботе бо афзоиши танишҳои ахир миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон надорад.

Фомин ҳамчунин таъкид кард, ки Вазорати дифои Русия рӯзи душанбе нишасти тавҷеҳӣ барои вобастагони низомии хориҷии мустақар дар Маскав дар бораи размоиши изтирории ахири неруҳои мусаллаҳи ин кишвар баргузор хоҳад кард.

Владимир Путин- раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа ба сурати ногаҳонӣ дастури баргузории як размоиши бузург бо ҳузури 150 ҳазор неруи низомӣ ва садҳо ҳавопаймо ва киштии ҷангиро барои итминон аз ҳифзи амнияти минтақаҳои ҷануб ва ғарби Русия содир кард.

 

Барчасп