Беҳбудии беш аз 550 000 бемори коронаӣ дар Русия
Июл 19, 2020 15:04 Asia/Dushanbe
Дар Русия то кунун беш аз 550 000 бемори коронаӣ ба таври комил беҳбуд ёфтаанд.
Ба гузориши Тасним, ситоди амалиётии пешгирӣ ва назорати коронавирус дар Русия, имрӯз (якшанбе) эълом кард, то кунун 771 546 нафар дар Русия ба коронавирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 550 000 тан ба таври комил беҳбуд ёфтаанд.
Омори ситоди амалиётии пешгирӣ ва назорати коронавирус дар Русия ҳамчунин нишон медиҳад, ки дар ин кишвар дар тӯли давраи ҳамагирии кроонавирус то кунун беш аз 24 миллиону 900 озмоиш барои ин вирус анҷом шудааст.
Ин ситод ба таври мушаххас эълом кардааст: Таи 24 соати гузашта, 6 109 мавриди ибтило ба коронавирус дар 84 минтақаи Русия сабт шудааст.
Барчасп