Июл 20, 2020 08:30 Asia/Dushanbe
  • Гоми дигари Ҳинд барои тағйири бофти ҷамъиятии Кашмир ба зиёни мусулмонон

Давлати Ҳинд 30 ҳазор ҳиндуи мутаассибро ба минтақаи Ҷому ва Кашмир мунтақил мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Кашмир Медия Сервис, давлати Нарандра Мудӣ- нахуствазири Ҳинд, ки аз як сол пеш бо бекор кардани худмухтории Кашмир талош барои контроли ин минтақаро афзоиш додааст дар талош аст рӯзҳои оянда 30 ҳазор ҳиндуи омӯзишдидаи дигар ба Кашмир сафарбар кунад.

Ин афрод дорои ақидаҳои ифротӣ ҳастанд ва барои эҷоди фишор бар мусулмонони кашмирӣ ба ин минтақа мунтақил мешаванд.

Ҳиндуҳо дар ҳоле ба Кашмир мунтақил мешаванд, ки давлати Ҳинд ба баҳонаи мубориза бо корона мардуми Кашмирро дар хонаҳо ҳабс карда, аммо ҳиндуҳоро ба роҳатӣ дар минтақаҳои мухталиф барои саркуби шаҳрвандони кашмирӣ мустақар мекунад.

Ҳиндуҳои ифротӣ ҳамзамон бо сафари ахири раиси ҷумҳури Амрико ба Ҳинд дар феврали 2020, 53 шаҳрванди кашмириро ба қатл расонданд.

Давлати Ҳинд бо дар пеш гирифтани сиёсати тағйири бофти ҷамъиятии Кашмири Ҳинд қасди ба ақаллият кашондани мусулмононро дар ин минтақа дорад ва барои иҷрои ин барнома ба 400 ҳазор ғайрикашмирӣ иҷозатномаи кор дар Кашмир додааст.

Аз замони рӯи кор омадани Нарандра Мудӣ- нахуствазири Ҳинд ҳамлаҳои неруҳои амниятӣ ва ҳиндуҳои ифротӣ ба мусулмонон ва азияту озори онҳо дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп