Ҳузури мутахассисони низомии исроилӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Бархе расонаҳои Арманистон аз ҳузури мутахассисони низомии режими саҳюнистӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон хабар дод.
Бино ба гузориши радиои тоҷикии Хуросони Разавӣ, баъзе расонаҳои Арманистон гузориш доданд, ки дар пайи соқит шудани паҳбодҳои исроилӣ тавассути нерӯҳои Арманистон дар даргириҳои охири марзӣ бо Ҷумҳурии Озарбойҷон муттахасисони режими саҳюнистӣ ба Боку сафар карданд, то дар бораи ин мавзӯ ба мақомоти Ҷумҳурии Озарбойҷон тавзеҳ диҳанд.
Гуфта мешавад, ки ҳадафи ташрифи коршиносони низомии режими саҳюнистӣ баррасии омӯзиши зарурӣ барои нерӯҳои Озарбойҷон дар бораи назорати оптималии ҳавопаймоҳои Исроил аст, то Арманистон наметавонад ин дронҳоро партоб кунад.
Артиши Арманистон иддао дорад, ки дар тӯли чанд рӯзи гузашта 12 дрони Исроилро тирандозӣ кардааст.
Тибқи иттилои коршиносони низомӣ, нархи дронҳои исроилӣ, ки ба Ҷумҳурии Озарбойҷон фурӯхта мешаванд, аз 4 то 30 миллион доллар аст
Дар солҳои охир, режими саҳюнистӣ кӯшишҳои худро барои ворид шудан ба кишварҳо, ба монанди Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар кишварҳои минтақа ва эҷоди таниш ва низоъ дар байни онҳо, афзоиш додааст.