Июл 21, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Чин: Мухолифи таҳримҳои якҷонибаи Амрико ҳастем

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин бори дигар бар мухолифати кишвараш бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико алайҳи кишварҳо таъкид кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Ванг Вебин рӯзи душанбе тасреҳ кард, Чин бо таҳримҳои якҷонибаи Амрико ва дастдарозиҳои қазоӣ ба ҳуқуқи дигар кишварҳо бар мабнои қавонини дохилии Амрико мухолиф аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин, таҳримҳои якҷонибаи Амрикоро поймолсози қавонини байналмиллалӣ ва ҳанҷорҳои ҳоким бар равобити байналмиллалӣ донист ва тасреҳ кард, Пекин аз ҳамкории ҳамаи кишварҳо бар асоси қавонини ба расмият шинохташудаи байналмиллалӣ ҳимоят мекунад.

 Ванг Йи-  вазири умури хориҷаи Чин низ ахиран дар гуфтугӯ бо Сергей Лавров- вазири умури хориҷаи Русия бо баёни ин ки Вашингтон боиси афзоиши тақобулгароӣ дар сатҳи низоми байналмиллалӣ шудааст гуфт: Амрико ақл, виҷдон ва эътибори худро аз даст додааст.