Июл 21, 2020 12:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раиси ҷумҳури Чин аз ормони Фаластин

Раиси ҷумҳури Чин дар тамоси телефонӣ бо раиси Ташкилоти худгардони Фаластин, ҳимояти қотеи Пекинро аз ормони миллати Фаластин ба вижа ташкили кишвари мустақил дар Байтулмуқаддас эълом кард.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, Ши Ҷинпин- раиси ҷумҳури Чин дар тамоси телефонии душанбешаб бо Маҳмуд Аббос афзуд: Мавзеи Чин дар мавриди масъалаи Фаластин доимӣ ва равшан аст мо қотеона аз мутолиботи одилонаи Фаластин ва ҳамаи талошҳое, ки барои ҳалли масъалаи Фаластин муфид аст ҳимоят мекунем.  

Раиси ҷумҳури Чин бо ёдоварии ин ки ҷомеаи байналмиллалӣ бояд мавзеи айнӣ ва мунсифонае дар пеш гирифта ва талошҳои худро барои пешбурди сулҳ мутамаркиз кунад изҳор кард: Чин моил аст ҳамчунон ба манзури амалисозии зудҳангоми ҳаллу фасли ҷомеъ, одилона ва пойдори масъалаи Фаластин саҳми бештаре дошта бошад. 

Маҳмуд Аббос- раиси Ташкилоти худгардони Фаластин низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ бо ташаккур аз талошҳои Чин ба хотири ҳимоят аз барқарории адолат дар мавриди масъалаи Фаластин ва посдорӣ аз ҳуқуқ ва манофеи машруи фаластинон изҳор дошт борҳо собит шудааст, ки Чин мутмаинтарин дӯсти мардуми Фаластин аст.