Октябр 06, 2016 19:41 Asia/Dushanbe
  • Дабири кулли ҷадиди СММ интихоб шуд

Антониу Гутерреш, нахуствазири собиқи Португалия ба унвони дабири кулли ҷадиди Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуд.

Ба гузориши шабакаи "Хабар"-и Эрон, дар раъйгирӣ барои интихоби дабири кулли ҷадиди Созмони Милал, ки пушти дарҳои баста анҷом гирифт, Антониу Гутерреш се бор болотарин раъйро касб кардааст. Аз миёни 15 кишвари узви Шӯрои амният 11 кишвар ба ӯ раъйи мувофиқ, се кишвар раъйи мухолиф ва як кишвар ҳамчун бетераф раъй додааст.

Гутерреши 67-сола пештар, аз соли 1995 то соли 2002 нахуствазири Португалия буда, аз соли 2005 то соли 2015 масъулияти Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагонро бар уҳда доштааст.