Нигаронии Чин аз хариди сомонаи С-400 тавассути Ҳинд
(last modified Wed, 22 Jul 2020 08:43:31 GMT )
Июл 22, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Чин аз хариди сомонаи С-400 тавассути Ҳинд

Чин нигарон аст, ки иқдоми Деҳлии Нав барои хариди сомонаи дифои мушакии С-400-и русӣ ва истифода аз он дар минтақаҳои марзии мавриди баҳс боиси ташдиди танишҳо шавад.

Ба гузориши радиои бурунмарзи Садои Хуросон, нашрияи чинии «Sina» дар мақолае ваъдаи Маскав ба Ҳинд барои таҳвили сомонаи дифои мушакии С-400 ба Деҳлии Навро баррасӣ кард.

Ин нашрияи чинӣ бо ишора ба ин мавзӯъ, ки эҳтимол дорад  Деҳлии Нав аз ин сомонаи дифои мушакӣ дар минтақаҳои мавриди муноқиша бо Пекин истифода кунад ибрози нигаронӣ ва таъкид кард, ки ин иқдом тавозуни неру дар минтақаро мухтал карда ва боиси афзоиши даргириҳои марзӣ хоҳад шуд.

Бар асоси гузориши ин рӯзномаи чинӣ, С-400-и Русия бартарии қобили мулоҳизае нисбат ба сомонаҳои дифоии мушобеҳи Чин чи аз лиҳози бурд ва чи аз назари суръат дорад ба ҳамин далел аст, ки Пекин 3 миллиард доллар барои хариди 6 сакуи партоби С-400-и Русия ихтисос додааст.

Аммо иқдоми Русия дар таъмини сомонаи С-400 ба Ҳинд дар замони ҳассоси кунунӣ боиси эҷоди чолишҳои бузурге хоҳад шуд ва бар асоси назари нависандаи ин мақола, истиқрори ин силоҳ дар марзҳои Ҳинд, таҳдиде барои кишварҳои ҳамҷавор хоҳад шуд ва ҳатто боиси ворид шудани Русия ба даргириҳои минтақаӣ мешавад.

Ду кишвари ҳамсояи Ҳинд ва Чин, як марзи мушаххас надоранд ва танҳо як хатти контроли воқеӣ барои ҷудосозии ду қаламрав доранд, ки дар соли 1962 баъд аз ҷанг миёни ду кишвар эҷод шуд, ба ҳамин далел дар чандин даҳаи ахир, даргириҳои марзии зиёде байн ду кишвар рух додааст.