Муйҳои 6 метрии як зани ветнамӣ пас аз 64 сол
Июл 23, 2020 09:04 Asia/Dushanbe
Дарозии муйҳои як зани ветнамӣ пас аз 64 сол кӯтоҳ накарданаш ба 6 метр расид.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , як зани ветнамӣ ба муддати 64 сол муйҳои худро кӯтоҳ накарда ва онҳоро бо шампун нашустааст.
Ин зани ветнамӣ 83 сола ба номи Nguyen Thi Ding барои аввалин бор вақте 19 сола буд муйҳои худро кӯтоҳ кард.
Пас аз он , вай дучори сардардҳои сахте шуд. Волидонаш Ӯро барои муолиҷа назди пизишк бурданд , аммо ҳатто пас аз муолиҷа , алоим мутавақиф нашуд.
Аз он замон , Динг ҳаргиз муйҳои худро кӯтоҳ накарда ва ҳамчунин муйҳои худро бо шанпун нашустааст. Акнун дарозии муйҳояш ба 6 метр мерасад. Онҳо монанд таноби баланде бар руйи замин қарор доранд, ҳамчун як мори Питтон.