Венесуэла: Трамп қасд дорад бо таҳримҳои худсарона бар ҷаҳон ҳукумат кунад
Вазири умури хориҷаи Венесуэла дар Твиттер навишт: Давлати Трамп чизе беш аз як фирқаи бартарпиндор нест, ки дар назар дорад аз тариқи таҳримҳои худсарона ва ривоятҳои фашистӣ бар ҷаҳон ҳукумат кунад.
Ба гузориши шабакаи “Ҳиспон ТВ”, Хорхе Арреаса рӯзи панҷшанбе дар паёме твиттерӣ нисбат ба иқдомоти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҷорӣ кардани таҳримҳои ҷадид алайҳи шаҳрвандони кишвараш мавзеъгирӣ кард.
Раиси дастгоҳи дипломатии Венесуэла таъкид кард, раисҷумҳури Амрико ба воситаи мушкилоти бархоста аз буҳрони Ковид -19 ва норизоятии умумӣ, ки аз ӯ ба вуҷуд омадааст, ин қабил тасмимотро иттихоз мекунад то ба тариқе битавонад орои иёлати Флоридаро ба даст оварад.
Иёлати Флорида яке аз иёлатҳое аст, ки теъдоди зиёде аз муҳоҷирони лотинитабор, аз ҷумла Куба ва Венесуэла дар он ҷо зиндагӣ мекунанд.
Ин изҳороти вазири умури хориҷаи Венесуэла пас аз он гуфта шуд, ки Амрико таҳримҳои ҷадидеро алайҳи ду бародар ба номҳои Сантяго ва Рекордо Мориянон Арнондс, ки равобити наздики бо Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла доранд ва ҳамчунин Николас Эрнесто Мадуро Гарро - писари раисҷумҳур ҷорӣ кард.