Даргирӣ миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55803-Даргирӣ_миёни_шаҳрвандони_Ҷумҳурии_Озарбойҷон_ва_Арманистон_дар_Русия
Полиси Маскав аз боздошти беш аз 30 нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ё Арманистон дар паи даргирии байни онон дар пойтахти Русия хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 26, 2020 14:02 Asia/Dushanbe
  • Даргирӣ миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Русия

Полиси Маскав аз боздошти беш аз 30 нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ё Арманистон дар паи даргирии байни онон дар пойтахти Русия хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории ТАСС, як мақоми равобити умумии полиси Маскав рӯзи шанбе эълом кард, ки ин теъдод шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон таи даргириҳо дар паи таниши бавуҷудомада дар марзи ду кишвар, дар чанд нуқтаи пойтахти Русия боздошт шуданд.

Ин мақоми равобити умумии полиси Маскав афзуд: Бархе низ дар даргириҳо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон маҷрӯҳ шуданд ва ба амволи умумӣ хисоратҳое ворид шуд.

Дар ҳамин ҳол Пулод Булбул Уғлӯ ва Вортон Тугониён- сафирони Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Маскав дар баёнияе шаҳрвандони худро ба хештандорӣ ва худдорӣ аз даргирӣ фарохонданд ва аз онон хостанд то қонунҳо ва усули амнияти умумии Русияро поймол накунанд.

Даргириҳо миёни низомиёни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи марзии Товузи  Қарабоғ, ки аз рӯзи якшанбе 12 июл оғоз шуда ҳамчунон идома дорад ва то кунун даҳҳо кушта ва захмӣ аз ҳар ду тараф барҷо гузоштааст.