Июл 26, 2020 16:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори ҷадид дар мавриди хурӯҷи бактерияи солманеллёз дар 23 иёлати Амрико

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико дар мавриди хурӯҷи бактерияи солманеллёз дар 23 иёлати ин кишвар ҳушдор дод.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии Ҳейл, маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико таҳқиқоте дар бораи хурӯҷи бактерияи солманеллёз дар 23 иёлати ин кишварро оғоз кардааст.

Бар асоси ин гузориш, то кунун садҳо мавриди ибтило ба уфунати бактерияи солманеллёз дар нуқоти мухталифи Амирко гузориш шудааст.

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои Амрико эълом кард, то панҷшанбеи гузашта, дар маҷмӯъ 212 нафар ба солманеллёз олуда шудаанд, ки 38 мавриди он дар иёлатҳои Аризона, Флорида, Айдаҳо, Майн, Дакотаи Шимолӣ, Небраска, Дакотаи Ҷанубӣ ва Вирҷиния будааст.

Солманеллёз гурӯҳе аз бактерияҳо ҳастанд, ки метавонанд сабаби масмумияти ғизоӣ шаванд.