Ду қонуни ҷадиди тобеияти Русия; авлавият бо русзабонҳо хоҳад буд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i55812-Ду_қонуни_ҷадиди_тобеияти_Русия_авлавият_бо_русзабонҳо_хоҳад_буд
Мудири маркази муҳоҷират дар қарни 21 дар Русия мӯътақид аст, ки қонуни ҷадиди тасҳили дарёфти тобеияти ин кишвар бештар шомили русзабонҳо ва рустаборон хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 26, 2020 17:05 Asia/Dushanbe
  • Ду қонуни ҷадиди тобеияти Русия; авлавият бо русзабонҳо хоҳад буд

Мудири маркази муҳоҷират дар қарни 21 дар Русия мӯътақид аст, ки қонуни ҷадиди тасҳили дарёфти тобеияти ин кишвар бештар шомили русзабонҳо ва рустаборон хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Спутник, Вячеслав Постовнин бо ишора ба қонуни ҷадиди тасҳили дарёфти тобеияти Русия, ки ахиран аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар имзо шуд, гуфтааст, ки дар ин маврид русзабонҳо ва рустабороне, ки дар Украина, Молдова ва Қазоқистон зиндагӣ мекунанд, дар авлавият хоҳанд буд.

Ҳамчунин русҳое,ки дар қаламрави Шӯравии собиқ зиндагӣ мекарданд ва таи 30 соли ахир ба Русия муҳоҷират кардаанд, аз имтиёзи бештаре барои дарёфти тобеияти ин кишвар бархӯрдор хоҳанд шуд.