Истиқболи мусулмонони Аврупо аз бозгушоии масҷиди Аёсофия
(last modified Mon, 27 Jul 2020 03:52:19 GMT )
Июл 27, 2020 08:52 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи мусулмонони Аврупо аз бозгушоии масҷиди Аёсофия

Ҷамъияти мусулмонони Аврупо аз бозгушоии масҷиди Аёсофия дар Истамбули Туркия пас аз 86 сол ва баргузории намози ҷумъа дар ин масҷид истиқбол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатоли, ҷамъияти мусулмонони Аврупо зимни қадрдонӣ аз иқдоми давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия дар бораи бозгушоии масҷиди Аёсофия онро пешрафти бузурге барои ҷаҳони ислом донист.

Мусулмонони Белгия, Австрия ва Шветсия низ аз ин иқдоми Туркия қадрдонӣ карданд.

Додгоҳи олии идории Туркия ахиран ҳукми соли 1934 ҳайати вазирони ин кишвар дар бораи осорхона будани Аёсофияро ботил кард то бад-ин тартиб ин масҷид дубора бозгушоӣ шавад.

Рӯзи ҷумъа 24 июли 2020 пас аз 86 сол ва бо ҳузури раиси ҷумҳури Туркия, дар ин масҷид намози ҷумъа баргузор шуд.

Бино бар эъломи давлати Туркия, дарҳои масҷиди Аёсофия ба рӯи гардишгарони хориҷӣ бо ҳар дине боз хоҳад монд.