Режими саҳюнистӣ зери фишор ; таҳрими муҳраҳои тундрави Натаняҳу дар Аврупо
Порстудей - Як кишвари аврупоӣ рӯзи шанбе вазирони ифротии режими саҳюнистиро ба далели ҷанги Ғазза дар рӯйхати сиёҳ қарор дод ва онҳоро унсури номатлуб эълом кард.
Вазорати хориҷаи Словения вуруди Бетсалил Смотрич, вазири дороӣ ва Итамар бен-Гивер , вазири амнияти дохилии режими саҳюнистиро ба ин кишвари аврупоӣ мамнӯъ ва онҳоро ба изҳороти наслкушона ва таҳрик ба хушунат алайҳи фаластиниҳо муттаҳам кард. Ҳар ду вазир аз шарикони калидӣ дар кабинаи эътилофии Бинёмин Натанёҳу , нахуствазири режими саҳюнистӣ ҳастанд ва ба дидгоҳҳои ифротӣ ва изҳороташон дар бораи ҷанги Ғазза ва Каронаи бохтарӣ маъруфанд . Вазорати хориҷаи Словения эълом кард, ки ду мақоми саҳюнистӣ изҳороти наслкушона доштаанд ва ба хушунати шадиду нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар алайҳи фаластиниҳо доман зада ва ба таври ошкоро аз густариши шаҳраксозиҳои ғайриқонӯнии режими саҳюнистӣ дар Каронаи бохтарӣ ва аъмоли хушунатомез алайҳи ҷамъияти фаластинӣ ҳимоят кардаанд .