Твиттер дастрасии писари Трампро маҳдуд кард
Шабакаи иҷтимоии Твиттер сиҳифаи шахсии писари раиси ҷумҳури Амрикоро ба далели интишори матлабе, ки иттилооти ғалат дар бораи вируси корона медод барои муддате маҳдуд кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, ширкати Твиттер эълом кард, ки саҳифаи шахсии писари Трампро ба далели интишори иттилооти ғалат дар бораи вируси корона ба муддати 12 соат маҳдуд кард.
Гуфта мешавад писари бузурги Трамп навореро мунташир карда буд, ки дар он пизишкон дар бораи фоидаҳои доруи зидди маларияи «Гидроксихлорохин» дар дармони КОВИД-19 сӯҳбат мекарданд.
Пажӯҳишҳои илмии зиёде таъсири ин доруи зидди маларияро дар дармони КОВИД-19 рад кардаанд ва Созмони ғизо ва доруи Амрико ҳам ахиран иҷозатномаи истифодаи изтирорӣ аз Гидроксихлорохинро барои дармони ин беморӣ бекор кардааст.
Твиттер дар тавзеҳи ин иқдоми худ эълом кард, ки писари калонии Трамп, қавонини ин ширкатро дар заминаи интишори иттилооти нодуруст дар бораи КОВИД-19 поймолсозӣ кардааст.
Ин дар ҳоле аст, ки Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи сешанбе бори дигар ба таблиғи доруи Гидроксихлорохин барои дармони КОВИД-19 пардохт.