Октябр 07, 2016 19:37 Asia/Dushanbe
  • Ҷоизаи

Сухангӯи кумитаи ҷоизаи "Сулҳи Нобел" дар Осло, пойтахти Норвегия дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, раисиҷумҳури Колумбия барои имзои тавофуқи сулҳ бо гурӯҳҳои мусаллаҳи Форк ва поён додан ба беш аз 50 сол ҷанг, барандаи ҷоизаи "Сулҳи Нобел 2016" шуд.

Ҳамонгуна, ки коршиносони сойтҳои назарсанҷӣ ва муфассирон пешбинӣ карда буданд, Хуан Мануэл Сантос, раисиҷумҳури Колумбия, ки пас аз имзои тавофуқ барои поён додан ба 52 сол ҷанги дохилӣ таваҷҷуҳоти бисёреро ба худ ҷалб кард, барандаи ин ҷоиза шуд.

Паймони сулҳи таърихӣ, ки Сантос муваффақ ба инъиқоди он шуд, ба панҷ даҳа ҷанги дохилӣ дар Колумбия, ки садҳо ҳазор кушта барҷо гузошта поён дод.

Пеш аз ин хабаргузории Фаронса ва хабаргузории Ройтерз гузориш дода буданд, ки дипломатҳои дахил дар тавофуқи ҳастаии Эрон, як фаъоли русии ҳомии муҳоҷирон ва паноҳҷӯён ва як зан эзадӣ, ки муддате дар дасти террористҳои ДИИШ асир буд аз шонсҳои аслии ҷоизаи "Сулҳи Нобел"-и имсол ҳастанд.