Боздошти чанд террористи ДИИШ-ӣ дар Русия
(last modified 2020-07-30T14:34:20+00:00 )
Июл 30, 2020 19:34 Asia/Dushanbe
  • Боздошти чанд террористи ДИИШ-ӣ дар Русия

Сервиси амнияти федералии Русия (ФСБ) аз боздошти шуморе аз аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар шаҳри Санкт -Петербурги ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, сервиси амнияти федералии Русия эълом кард, ин  терррористҳо дар ҳоли барномарезӣ барои анҷоми амалёти террористӣ дар шаҳрии Санкт-Петербург буданд.

Бар асоси ъломи сервиси амнияти федералии Русия, террористҳои боздоштшуда аз атбои як кишвари Осиёи Марказӣ ҳастанд.

Аз ин террористҳо чанд дастгоҳ таҷҳизоти мухобиротӣ ва гӯшии телефони ҳамроҳ ва як корти бонкӣ забт шудааст.

Сервиси амнияти федералии Русия аз оғози моҳи ҷории мелодӣ (июл) то кунун, 10 мавриди боздошт ё кушта шудани террористҳо дар Русия хабар додааст.

 

Барчасп