9 соли ҳукми зиндони малавони амрикоӣ дар Русия
Июл 30, 2020 21:42 Asia/Dushanbe
Дасгоҳи қазоии Русия як малавони амрикоиро ба 9 соли зиндон маҳкум кард.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, дастгоҳи қазоии Русия рӯзи панҷшанбе як малавони собиқи амрикоиро, ки ба иллати ҳамла ба ду маъмури пулис, таҳти пайгард қарор дошт, ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Муттаҳам ин ҳукмро маҳкум кард ва онро "сиёсӣ донист.
Дмитрий Арнаут, қозии ин парванда гуфт:
Додгоҳ Тревор Рейдро ба 9 соли зиндон маҳкум карду гуфт, хабарнигори хабаргузории Фаронса, ки дар ҷаласаи додгоҳ ҳузур дошт, Рейд ин парвандаро сиёсӣ донист ва гуфт: Дархости таҷдиди назар хоҳад кард.