Август 02, 2020 10:43 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби кумаки 500 миллиондолларӣ ба режими саҳюнистӣ дар Маҷлиси намояндагони Амрико

Маҷлиси намояндагони Амрико буҷети 500 миллиондолларӣ барои кумак ба режими саҳюнистӣ тасвиб кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, рӯзномаи саҳюнистии Ҷрузолам-Пост бомдоди якшанбе навишт, ки ин кумаки молӣ асосан сарфи ҳазинаҳои сомонаҳои мушакии Гунбази оҳанин, Флохен Довуд ва Пайкон хоҳад шуд.

Бахши дигаре аз ин буҷет ба таҳқиқот дар мавриди корона ва ҳамкориҳои муштарак дар заминаи энержӣ ва об ихтисос ёфтааст.

Пардохти ин мизон буҷет дар чорчуби иҷрои ёддошти тафоҳуми соли 2016 миёни Амрико ва режими саҳюнистӣ тасвиб шуд.

Бар асоси ин ёддошти тафоҳум, Амрико дар муддати як даҳа 38 миллиард доллар ба режими саҳюнистӣ кумак хоҳад кард.

Ин мусавваба ба Сенат хоҳад рафт ва интизор меравад, ки ислоҳоте дар он анҷом шавад.

 

Барчасп