Август 02, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳароси ҷомеаи пизишкии Филиппин аз густариши вируси корона

Ҷомеаи пизишкии Филиппин дар номае ба раиси ҷумҳур дар бораи густариши вируси корона дар ин кишвар ибрози нигаронӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, Анҷумани пизишкони Филиппин рӯзи шанбе дар номае ба Родриго Дутерте- раиси ҷумҳури ин кишвар бо ишора ба таъсири андаки коҳиши маҳдудиятҳо дар ҷилавгирӣ аз густариши вируси корона дар Филиппин, аз давлат хост карантини сахтгиронатреро барои маҳори ин вирус барқарор кунад.

Дархости Анҷумани пизишкони Филиппин аз раиси ҷумҳур барои шиддат бахшидан ба тадбирҳои пешгирона барои маҳори вируси корона дар ҳоле аст, ки мавридҳои КОВИД-19 дар ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст ва бемористонҳо дигар ҷое барои қабули беморон надоранд.

Анҷумани пизишкони Филиппин дар нома ба Дутерте бо ишора ба нотавонии бахши пизишкии ин кишвар дар муқобила бо корона, шиносоии теъдоди бесобиқаи 5 ҳазор бемори КОВИД-19 дар шабонарӯзи гузаштаро ҳушдоре ҷиддӣ ба давлат дониста ва навиштанд чунон чи иқдоми ҷиддӣ ва фаврӣ дар ин замина нашавад, Филиппин бо фоҷиаи инсони рӯбарӯ хоҳад шуд.

Маҷмуъи кулли маргу мирҳои бархоста аз корона дар Филиппин рӯзи шанбе ба 2 ҳазору 39 нафар расид.

 

Барчасп