Марги 20 ҳазор нафар дар хонаҳои солмандони Британия
(last modified Sun, 02 Aug 2020 12:15:53 GMT )
Август 02, 2020 17:15 Asia/Dushanbe
  • Марги 20 ҳазор нафар дар хонаҳои солмандони Британия

Масъулони хонаҳои солмандон дар Британия, бетадбирии давлати ин кишварро омили афзоиши марги солмандон бар асари корона медонанд.

 Ба гузориши шабакаи 4 телевизиони Бритониё, масъулони хонаҳои солмандон дар Бритониё, бетадбирии давлати ин кишварро омили афзоиши марги беш аз 20 ҳазор нафар аз солмандон бар асари корона медонанд. 
 Мисли бисёр дигар хонаҳои солмандон дар саросари Бритониё, Хонаи Ҳизелингтон дар ҳолати бад қарор дорад.
 Бар хилофи иддаои давлати Биритониё дар ҳифозат аз хонаҳои солмандон, дар муқобили бемории Ковид-19 дар Ҳизелингтон, 15 бемор бе онки ҳеҷ озмоише барои ташхиси корона бидиҳанд, аз бемористонҳои низоми беҳдошти миллии Бритониё мураххас ва ба хонаҳои солмандон бозгардонда шуданд. 
 
 Масъулони хонаи солмандони Ҳезелингтон, ҳам монанди бисёре аз хонаҳои солмандони дигар ақида доранд ба хотири сиёсати давлат дар чунин вазъияте қарор гирифтанд. 
 
 Бритониё, дар замони ҳозир бештарин шумори маргу мири ноши аз каронаро дар Аврупо сабт кардааст. 
 
 Бар асосои оморҳои мунташир шуда токунун болиғ бар 303 ҳазору 952 нафар дар Британиё, ба карона мубтало шуда ва аз ин мизон 46 ҳазору 193 нафар ҷон бохтаанд.

Барчасп