Кохи Сафед ҳам дар таъхири интихобот канори Трамп наистод
Раиси коркунони Кохи Сафед дар вокуниш ба изҳороти Трамп дар бораи таъхир дар баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико гуфт: Интихобот дар таърихи муқаррар баргузор хоҳад шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Марк Мидовз- риъиси Ситоди коркунони Кохи Сафед рӯзи якшанбе дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии CBS гуфт: Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико тибқи барнома рӯзи севуми ноябри 2020 баргузор мешавад.
Мидовз дар бораи изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, ки аз таъхири интихобот сухан ба миён оварда буд низ гуфт: Трамп замоне, ки идеаи таъхир дар интихоботро матраҳ кард нигарониҳояш дар бораи овозгирии пастеро иброз дошт.
Раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи гузашта дар паёме дар Твиттер бо интиқод аз овозгирӣ аз тариқи пости электроник (Имайл), хостори таъхир дар баргузории интихоботи рёсатҷумҳурии ин кишвар то замоне шуд, ки "мардум битавонанд ба сурати муносиб, амн ва солим овоз диҳанд."
Трамп дар ин твит навишт, бо баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии 2020 аз тариқи пости электроник, нодурусттарин ва қалбакитарин интихобот дар таърихи Амрико рақам хоҳад хурд.
Ин паёми Трамп вокунишҳои густурдае ба ҳамроҳ дошт ва бисёре аз сиёсатмадорон дар Амрико ба ӯ ёдоварӣ карданд, ки тасмимгирӣ дар ин маврид дар ҳавзаи ихтиёроти ӯ нест.
Аз соли 1845 Конгираи Амрико рӯзи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишварро сешанбеи баъд аз нахустин душанбеи моҳи ноябр таъйин кардааст, ки имсол баробар бо севуми ноябр аст.