Август 03, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Таниш дар равобити Беларус ва Русия бар сари боздошти шаҳрвандони рус

Раиси ҷумҳури Беларус якшанбешаб 33 шаҳрванди руси боздоштшуда дар ин кишварро ба талош барои бесуботсозии кишвараш муттаҳам кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Александр Лукашенко дар дидори Валери Вакулчик- раиси Созмони амнияти Беларус эълом кард: 33 шаҳрванди руси боздоштшуда дар Беларус нахустин гуруҳ аз 200 нафаре ҳастанд, ки барои бесабот кардани авзоъ дар ин кишвар ба Минск сафарбар шудаанд.

Беларус ахиран 33 шаҳрванди Русияро ба иттиҳоми иртибот бо ширкати низомии хусусии русии Вагнер дар як тафарруҷгоҳи наздики Минск боздошт кард.

Шурои амнияти миллии Беларус ин 33 шаҳрванди русро ба талош барои иқдомоти террористӣ ва эҷоди бесуботӣ дар остонаи интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус муттаҳам кардааст.

Масъалаи боздошти 33 шаҳрванди русӣ дар Беларус муҷиби бурузи танишҳои шадид миёни ин ду кишвар шудааст.

Сухангӯи раёсатҷумҳурии Русия панҷшанбеи гузашта бо радди иттиҳомоти Беларус алайҳи шаҳрвандони дастгиршудаи русӣ дар ин кишвар, хостори озодии фаврии онҳо шуд.

Рақобатҳои интихоботии Беларус, баъд аз он ки Виктор Бабарико аз рақибони аслии Александр Лукашенко ба пулшӯӣ ва ҷурмҳои дигар муттаҳам шуд, пуртаниш шудааст.

Валери Тсепкало,  яке дигар аз рақибони Лукашенко ҳам ҳафтаи гузашта аз Беларус ба Русия гурехт ва гуфт боздошташ наздик будааст.

Тсепкало ҳам монанд Бабарико аз рақобат дар интихобот манъ шуда буд.

Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 дар қудрат аст, номзади давраи шашуми рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус низ шудааст.