Август 03, 2020 14:09 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Толибон ба давлати Афғонистон

Толибон ба давлати Афғонистон дар бораи озод накардани зиндониёни боқимондаи ин гурӯҳ ҳушдор дод.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Суҳайл Шоҳин-сухангӯи дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Давҳаи Қатар дар вокуниш ба баргузории Луия Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон барои таъйини сарнавишти 400 зиндонии Толибон гуфт: Ҳар гуна таъхир дар раванди озодии зиндониён ба маънии идомаи ҷанг аст.

Вай афзуд: Раванди такмили озодии ҳазор зиндонии давлати Афғонистон аз тарафи ин гурӯҳ дар саросари кишвар такмил шудааст ва Кобул низ бояд зиндониёни боқимондаи Толибонро озод кунад.

 Муҳаммад Ашрафғанӣ-раисҷумҳури Афғонистон рӯзи иди Қурбон дар Кобул аз Луия Ҷиргаи машваратии сулҳи ин кишвар хост барои озодии 400 нафар аз зиндониёни гурӯҳи Толибон тасмим бигирад.

 Давлати Афғонистон уҳдадор шуд, ки ба сабаби озод накардани 400 зиндонии Толибон, ки гуфта шуда муттаҳам ба ҷиноятҳои вазнин ҳастанд, 500 нафари дигар аз Толибонро озод кунад, ки қарор аст то поёни имрӯз ин раванд такмил шавад.

 Толибон хоҳони озодии тамоми ҳазор нафаре аст, ки феҳристи номҳояшон ба давлати Кобул пешниҳод шудааст.

 Озодии ин зиндониён яке аз пешшартҳои муҳим барои азсаргирии музокироти байни давлати Афғонистон ва Толибон барои поёни ҷанг ва даргирӣ дар ин кишвар аст.

 

Барчасп