Август 03, 2020 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли кӯмакҳои пизишкии Иморот ба Туркманистон

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кӯмакҳои пизишкӣ ба Туркманистон ирсол кард.

 Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон Разавӣ ба нақл аз Эки пресс, ин кӯмакҳо бо ҳадафи тақвияти бахши беҳдошт дар кишварҳои мухталиф барои ғалаба бар буҳрони шуюи бемории корона аст. 
 
 Ин кӯмакҳо ҳовии 60 тан анвои лавозими пизишкӣ аст. 
 
 Абдулазиз Ал-Ҳошимӣ , масъули умури атбои Иморот дар Туркманистон гуфт: "Иморот ва Туркманистон аз равобити дуҷонибаи хубе бархурдор ҳастанд, ки ин равобит бо ҳимояти мақомоти ҳар ду кишвар қобили тавсеа аст. 
 
 Ал-Ҳошимӣ афзуд: Имороти Муттаҳидаи Арабӣ умедвор аст, ки кӯмакҳои пизишкии ирсолшуда ба афзоиши тавони кодри дармонии Туркманистон кӯмак кунад. 
 
 Аз оғози шуюи каронавирус токунун Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳудуди 1248 тонна кӯмаки пизишкӣ ба 92 кишвари ниёзманд ирсол кардааст.