Поёни таҳқиқоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар бораи сарчашмаи корона
Таҳқиқоти WHO дар Чин дар бораи маншаъи корона поён ёфт.
Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, Тедрос Адханум дар нишасти хабарии маҷозӣ гуфт: Тими Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ба Чин сафар карда буд акнун маъмурияташ дар заминаи фароҳам кардани заминаи талошҳои муштарак барои кашфи маншаъи вирусро ба итмом расондааст.
Мудири кулли Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ гуфт: Барои мушаххас кардани маншаъи эҳтимолии уфунат ба ин вирус дар мавориди аввалияи ибтило, мутолиоти ҳамгиршиносии ҳамаи шаҳри Ухан шуруъ хоҳанд шуд.
Маъмурияти ин тими Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ моҳи пеш оғоз шуд ва Чин аз он истиқбол кард. Жао Лиҷан, сухангӯи Вазорат корҳои хориҷаи Чин рӯзи 18 тир дар конфронси хабарии рӯзона дар посух ба саволе дар бораи эъзоми коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ барои таҳқиқ дар ин хусус гуфт: Радёбии маншаъи вирус як кори печидаи илмӣ аст, ки бояд тавассути донишмандон ва мутахассисони пизишкӣ анҷом шавад.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ибрози умедворӣ карда, дарки маншаъи вируси коронаи ҷадид метавонад ба мубориза бо он кумак кунад ва дунёро барои мубориза бо бемориҳои ҳамагири баъдӣ омода кунад.
Таҳқиқ дар бораи маншаъи вируси корона дар моҳҳои гузашта яке аз заминаҳои талоши мақомҳои давлати Амрико барои фишор бар Чин ҳам будааст. Мақомҳои давлати Доналд Трамп аз лафзи вируси Чин ба ҷои номи корона истифода мекунанд.